Рузномаи амрикоӣ "New York Times" ахиран дар гузорише бо истинод ба аксҳои моҳвораӣ ва видеои мунташиршуда аз пойгоҳи ҳавоӣ "Уқоб 44" неруҳои ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон муддаи шуда буд Эрон барои дарёфти ҷангандаҳои "Суху-35" аз Русия омода мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Алии Фадавӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар гуфтугу бо хабарнигори дифъи амнияти дифоъ Пресс дар бораи хабари иқдоми Эрон барои хариди ҷангандаи Суху-35 аз Русия гуфт: Тиҷорат ва хариду фуруши таҷҳизоти мухталиф амри марсум миёни ҳамаи кишварҳост.
Генерал бо таъкид бар ин ки тиҷорат дар байни ҳамаи кишварҳо барқарор аст афзуд: Бо таваҷуҳ ба ин ки кишварҳои мутаъадиди ба дунболи хариди таслиҳот аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд мавзуъи харидории ин ҷанганда аз суи Эрон аҳамияти ҷандони надорад.
342/